Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз синфхонаҳои таълимӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ пас аз ҷамъбаст гардидани соатҳои дарсӣ  бо мақсади огоҳ гардидан аз ҳолати воқеӣ ва ҳамзамон иҷрои супоришҳои протоколӣ аз синфхонаҳои таълимии факултетҳои металлургия, иқтисодиёти санотӣ ва зеҳни сунъӣ дидан намуда, барои беҳтар намудани шароити таълим ва истифода аз таҷҳизотҳо дар рафти тадрис ба масъулин супоришҳо дод. Ректори донишкада барои аз наздик шинос шудан аз ҳолати синфхонаҳои таълимӣ, истифодаи дурусти таҷҳизоту мизу курсӣ ва ҷобаҷогузории таблоҳои ороишӣ аз ҳар як синфхона боздид намуда, шахсан кори таҷҳизотҳо аз ҷумла мониторҳоро санҷид.

Ёдовар мешавем, ки аксарияти синфхонаҳои таълимӣ дар ҳолати дурусти корӣ қарор дошта, пас аз таъмири умумӣ то ин замон хуб истифода бурда шудаанд. Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз кори деканон ва мудирони кафедраҳо тавсиф намуда,  идомаи корҳои созандагиро талаб намуд.