Дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону кормандон чорабинӣ таҳти унвони “Куруши Кабир шахсияти таърихӣ ва нақши устувонаи ӯ дар тамаддуни башарӣ” баргузор карда шуд, ки дар он муовини ректори оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Куруши Кабир шоҳи адолатпарвар ва башардӯст”, муовини декани факултети электромеханика дар мавзуи “Нақши Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар қонунгузории ҷаҳонӣ”, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Ҷӯраева Шукрона дар мавзуи “Нақши устувонаи Куруши Кабир дар тамаддуни башарият”, мутахасиси шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷалолзода Айёмиддин маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки бештари равшанфикрони маъруфи ҷаҳон бо дар назардошти хусусиятҳои инсонпарваронаи империяи таъсисдодаи Куруши Кабир ба шахсият ва империяи ў таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар бораи шахсияти Куруши Кабир, сиёсати кишваркушоии ў, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ ва нақши мондагори ў дар низоми давлатсозӣ адабиёти зиёде таълиф намудаанд, ки далел аз бузургиву инсонияти волои Куруши Кабир мебошад.
Ҳеродот дар асари хеш «Таърих» перомуни шахсияти Куруш ва усули давлатдории ў чунин нигоштааст: «Куруш подшоҳи фурўтан, баландҳиммат ва родмарди шуҷоъ буд. Ў порсҳоро аз хироҷ додан раҳонид ва соҳиби империяи ҷаҳонӣ ва миллати нерумандтарин гардонид». Рушду густариши соҳаҳои гуногуни давлати Ҳахоманишиён дар аҳди Куруш яке аз мавзуҳое мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи муаллиф қарор гирифтааст. Ҳеродот дар идома атрофи ободкориҳои Куруши Кабир андешаҳояшро иброз дошта, аз ҷумла чунин менависад: «Куруш ҳангоми сохтани роҳҳо дар фосилаҳои муайяни роҳ аломатҳои шинохти роҳро мегузошт. Баъди ҳар панҷ фарсанг бошишгоҳҳои амонатӣ ва баъди ҳар бист фарсанг дар гузаргоҳҳои чорроҳа корвонсарою шаҳракҳои тиҷоратӣ бунёд менамуд».
Дарвоқеъ, роҷеъ ба корномаи бузурги Куруши Кабир ва хидматаш бар насли башар метавон зиёд гуфт, чунки аввалин инсоне дар сайёра мебошад, ки шакли ғуломдориро барҳам додааст.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси садорати факултети электромеханика ва шуъбаи кор бо ҷавонон бахшида бар гиромидошти Рӯзи Куруши Кабир баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
