Раиси Шӯро: фаъолияти омӯзгор бояд самаровар бошад

Тибқи нақшаи кории Шӯрои илмӣ – методии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023 санаи 26-уми январ дар толори хурди донишкада ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро – сардори раёсати таълим, деканҳои факултет, мудирони кафедраҳо иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳое, чун муҳокимаи натиҷаи корҳои семестрӣ ва мустақилона дар нимсолаи аввали соли таҳсил, ҳолати омодагии омӯзгорон бо маводи таълимӣ (барномаҳои корӣ (силлабусҳо), комплексҳои таълимӣ – методӣ) барои нимсолаи дуюми соли таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистр ва докторантура (PhD) ва  дастурҳои ба нашр пешниҳодгардида, баррасӣ гардид.

Зимни баргузории  ҷаласа, раиси Шӯро номзади илмҳои геология ва минерология, профессор Насриддинов Замониддин гузориши шахсони масъулро вобаста ба масъалаҳои мазкур шунида, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ва ҳамчунин, ҷиҳати самаранок баргузор гардидани дарсҳо, методи таълим ва истифодаи таҷрибаи  ба масъулин супориш дода, таъкид намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф таъкид карда шуд ва моро зарур аст, ки дар ин асно ҷаҳду талош намуда, мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳониро тарбия намоем. Вобаста ба эълон гардидани панҷсолаи “Рушди саноат” талабот ба мутахассисони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон меафзояд ва мо, омӯзгоронро зарур аст, ки корхонаҳои саноатиро бо мутахассисони варзида, донишманду забондон таъмин намоем ва ин масъулияти бузург аст. Самараи кори ҳар як омӯзгор дар симои хатмкунандагони донишкада дар корхонаву ширкатҳои саноатӣ дида мешавад.