Ҷаласаи фаврии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Дирӯз, ҷаласаи назоратии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо ширкати муовинони ректор, деканҳо ва роҳбарияти марказу раёсатҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба масъалаҳои нақшаи қабули донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани кори комиссияи интиқолу барқарор, оид ба даъвати ҳарбӣ, оид ба назорати хатмкунандагон, оид ба таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ, оид ба коргузорӣ дар раёсату факултетҳо, оид ба ҷамъбасти сол, оид ба иҷроиши нақша- чорабиниҳои “Аз Паём то Паём” сухан ронда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.