Ҷаласаи назди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи фаврӣ оид ба таҷлили Рӯзи Президент гузарониданд. Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтмоӣ Раҳимова Шаҳноза, директори китобхонаи донишкада Танжихолова Шаҳноза, котиби комиссияи забони давлатӣ Нурматова М. ширкат намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин ҷиҳати хуб ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, талаб намуданд, ки чорабинии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли қаблӣ боз ҳам беҳтар гузаронида шавад.


Шуъбаи иттилоот