Дарси кушоди Анвар Отаев баҳои баланд гирифт

Санаи 9 – уми ноябр дар кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз ҷониби омӯзгори калони кафедра Отаев Анвар аз фанни усулҳои намунагирӣ ва ҳисобкунии захираҳо дар мавъзӯи “Ҷудо намудани кони канданиҳои фойданок дар ҳудуди нақб, хандак ва пармачоҳҳо”  дарси кушод гузаронида шуд, ки дар бора ба шуъбаи иттилоот  Мирбобоев М. Ж. муаллими калони ҳамин кафедра иттилоъ дод.

Дар дарси кушод декани факултет н.и.т., дотсент Самадова Г.М., сардори таҳсилоти сифати таълим Юсупов Х., мудири кафедраи мазкур Олимов А.А. муаллимони калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Ибрагимов Н. Ҷ. ва Мирбобоев Ш.Ж. ширкат варзиданд.

Омӯзгор Отаев А. О. дар рафти дарс пурсиши дарси гузашта аз усулҳои гуногуни интерактивии таълим аз қабили муҳокимаи умумӣ, пурсиши фаврӣ, кори инфириродӣ сурат гирфт, ки аз  маҳорати баланди педагогии Отаев Анвар шаҳодат медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки Отаев А.О. яке аз омӯзгорони варзидаи соҳа бо таҷрибаи бой буда, аксаран дарсҳои хешро дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузаронанд ва имрӯз низ дарси кушод дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки донишҷӯён аз дарс хеле розӣ буданд.

Дарси кушоди имрӯза бо айёниятҳои дарсӣ дар синфхонаи 204 К, гузаронида шуд. Ҳамчунин, супоришҳои инфиродӣ аз ҷониби донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор иҷро гардид ва ҳамзамон, ҳама    паҳлӯҳои мавзӯи матраҳ  пурра таҳлил карда шуд. Омӯзгор Отаев А. О. бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ба донишҷӯён муроҷиат намуда, бештар истилоҳоти соҳавиро бо шакли тасдиқшудаи забони давлатӣ пешниҳод менамуданд, ки дар бисёре аз донишкадаву донишгоҳҳо ин таҷриба нав мебошад.

Дарси кушодро Самадова Г.М. декани факултети корҳои кӯҳӣ ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба Отаев А.О., ки зиёда аз 50 сол дар истеҳсолот фаъолияти корӣ бурда, баҳри пешравии саноати кӯҳӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ва ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи хеле баланд гузарониди дарс ба омӯзгор изҳори миннатдорӣ намуд.

Шуъбаи иттилоот