БАРГУЗОРИИ ДАРСИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҶДММ “СУҒДПАК”

Ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, татбиқи илм дар истеҳсолот баланд бардоштани донишҳои соҳавии донишҷӯён дарси амалии донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот зери роҳбарии омӯзгори фаъол Раҳматов Аблумавлон дар корхонаи ҶДММ «Суғд Пак» баргузор гардид.
Дар коргоҳи мазкур ба донишҷӯён ҳамчун мисоли мавҷудаи пажӯҳишшаванда аз фаъолияти истеҳсолии корхона, раванди истеҳсоли маҳсулот, сохтори идоракунӣ, ташкили меҳнат, истифодаи захираҳои моддию техникӣ ва фаъолияти иқтисодии корхона гуфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимӣ дар кишвар мебошад, ки низоми дуалии таълимро пурра ҷорӣ намуда, дар назди 14 корхонаи истеҳсолӣ филиали кафедраҳои тахассусиро ифтитоҳ намудааст.
Шуъбаи иттилоот