Дарси амалии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ

Бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  ва аз рӯйи нақшаи тасдиқгардида омӯзгор Раҳматов Абдумавлон бо ҳамроҳии сардори бахши  таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон  Назарматов Авазбек донишҷӯёнро ба корхонаҳои  ҶДММ “КЕДР”(Арча) ва  ҶДММ “Тоҷфилиз” бурданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни бахши 4 ва 3 ихтисоси 270101-09 иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дарси назариявиро дар корхонаҳои мазкур ба амалия тадбиқ намуданд. Дар рафти суҳбат бо мутахассисони корхонаҳо ва боздид аз ҷараёни истеҳсолот донишҷӯён ба худ маълумоти зиёде гирифта, таҷрибаи нави худро ба мутахассисони корхонаҳо дар мубодила қарор доданд.

Бояд ёдрас шуд, ки ҳамаи кафедраҳои тахассусии донишкада дар корхонаҳои саноатӣ филиалҳои худро доранд ва дарсҳои амалӣ ағлаб дар корхонаҳо мегузарад.

Шуъбаи иттилоот