Ҷаласаи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо ширкати мудирони кафедраҳо ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҷеъ ба масъалаҳои ҷамъбасти ҳисоботҳои солона, тақсимоти фанҳо, тақсимоти соатҳо, оид ба ҳисоботи раисони комиссияҳои имтиҳони давлатӣ ва корҳои ободонӣ дар кафедраҳо сухан рафта, таъкид карда шуд, ки то санаи 24 июн ҳамаи кафедраҳои тахассусӣ ҳисоботҳои худро ба раёсати таълим супоранд.


Шуъбаи иттилоот