Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маркази таълимии “Макромайн” ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори ширкати “Макромайн дар Осиёи Марказӣ” Жасхан Байров, профессор Фозилзода Мухтор Муродалӣректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди МД ДБССТ профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ва дигар меҳмонону кормандони идораҳову корхонаҳо ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи марказ таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аввалин истифодабарандаи барномаи “Макромайн” дар кишвар буда, дар ин самт мутахассисони зиёдеро омода намудааст.
Таъкид карда шуд, ки маркази мазкур метавонад дар оянда ҳамчун пойгоҳи муколамаи истифодабарандагони барномаи “Макромайн” дар минтақа ва истеҳсолкунандагон хидмат намояд.
Шуъбаи иттилоот
