ДОНИШКАДА БО САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИД

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат бо Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода мулоқот намуда, байни Донишкада ва Саридораи геология шартномаи ҳамкорӣ ба имзо  расониданд. 

Зимни баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ  ҷонибҳо масоили омодасозии кадрҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, рақамикунонии равандҳои геологӣ, арзёбии минералҳо ва коркарди корҳо ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки имзои ин шартнома саҳифаи наве дар рушди геология тоҷик мебошад.

Дар фарҷоми маросими баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ ректори Донишкада ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, изҳор дошт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омода аст, бо кулли мутахассисон, идораву коргоҳҳои самтӣ ҳамкорияшро тақвият бахшида, омодасозии мутахассисони варзидаро дар сатҳи баландтарин ба  роҳ монад.

Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, аз рӯи 43 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.

Шуъбаи иттилоот