Баргузории мусобиқаи шоҳмот дар донишкада миёни донишҷӯдухтарон

Имрӯз дар толори китобхонаи донишкада дар доираи “Моҳвораи ҷавонӣ” мусобиқаи шоҳмот миёни донишҷӯдухтарон гузаронида шуд. Чорабиниро сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз ифтитоҳ намуда, шартҳои бозиро ба ҳозирин ташреҳ дод. Ва барои ширкатдорони мусобиқа барору муваффақият таманно намуд. Сипас, раиси Шӯрои занони донишкада Расулова Мунзифахон суханронӣ намуда, гузаронидани чунин мусобиқаро байни донишҷӯдухтарон як навъ эҳтиром ба онон арзёбӣ намуд.
Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯдухтарон ва занони фаъоли донишкада ширкат намуда, маҳорати хешро имтиҳон намуданд.