Анҷоми спартакиадаи 17-уми мусобиқаҳои варзишӣ дар донишкада

Дирӯз, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмотбозӣ, тенниси рӯи миз, волейбол, футбол дар донишкада ҷамъбаст гардид.
Аз рӯи маълумотномаи пешниҳоднамудаи кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар шоҳмотбозӣ ҷойи якум насиби Ибрагимов Н.Ҷ., ҷойи дуюм насиби Иброҳим И. ва ҷойи сеюм насиби Анвар Отаев аз кафедраи геология ва нафту газ гардид.
Дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз ҷойи якум насиби дастаи Раёсати донишкада, ҷойи дуюм электромеханика ва ҷойи сеюм насиби факултети корҳои кӯҳӣ гардид.
Дар мусобиқаи намуди футбол миёни дастаҳои раёсат ва факултетҳо ҷойи якум насиби факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ, ҷойи дуюм факултети металлургия, ҷойи сеюм насиби факултети корҳои кӯҳӣ гардид.
Дар намуди варзиши волейбол ҷойи якум насиби дастаи факултети иқтисодиёти саноатӣ, ҷойи дуюм факултети корҳои кӯҳӣ ва ҷойи сеюм насиби факултети электромеханика гардид.