Мулоқоти муовини ректор Аминҷонова Мавлуда бо мураббиёни фаъол

Дирӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлуда бо мураббиёни гурӯҳҳои академикӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст масъалаҳои муҳими тарбиявӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, саривақт ҳозир шудани донишҷӯён ба дарс, риояи талаботи донишгоҳ оид ба сару либос, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баррасӣ гардид. Сипас, сардори раёсати таълим Осими Оқил суханронӣ намуда, ба инобат гирифтани як қатор нуктаҳои муҳимро дар раванди тарбияи донишҷӯён ва одобу маърифати онон таъкид намуд.