Нишони “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ” муборак, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Г.К. аз санаи 24-уми январи соли 2023 таҳти рақами 3 бо нишони “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” қадрдонӣ карда шуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро ба ин дастовард, табрику таҳният гуфта, ба он кас барору комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамеша сарбаланду саодатманд ва муваффақ бошед!
Нишони “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ” муборак бошад!