Ҳолпурсии раиси Иттифоқи касаба дар рӯзи шанбегӣ

Имрӯз, ҳини шанбегии умумӣ дар донишкада раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад бо ҳайати кормандону омӯзгорон суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, барои расонидани кӯмакҳо ва ёрии ҳуқуқӣ изҳори омодагии раёсати Иттифоқи касабаро баён намуд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз Д.Давлатов декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратро бинобар расидан ба синни 43-солагӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон табрикномаи роҳбарияти донишкадаро расониданд.
Шуъбаи иттилоот