ҚАТЛИ ҲУНАРМАНД БАРОИ ЧӢ БУД?

Андешаҳо дар ҳошияи 

ТЕРРОРИ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ ТЕРРОРИ ФИКРӢ, ҲУНАРӢ, АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ ДАР МИЁНИ ҶОМЕАИ МАДАНӢ АЗ ТАРАФИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ БУД

 

“19 сол муқаддам, шаби 20 майи соли 2000 дар даромадгоҳи хонааш нависанда ва коргардони машҳури тоҷик Сайф Раҳимзод террор шуд .

Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз зумраи чеҳраҳои тобноки адабиёт, фарҳанг ва ҳунари миллӣ ба шумор рафта, бо диду нигоҳи нав ба арсаи адабиёту ҳунар ворид гардид. Нигоҳи нав ба адабиёт, тарзи тозаи тасвири бадеӣ, интихоби қаҳрамон, сужасозӣ, типпикунонӣ, фантазия ва тахаюлу образофаринии ҷадид навиштаҳои Сайф Раҳимзодро аз дигар навиштаҳо фарқ метавон месохт.

Гузашта аз ин, Сайф Раҳимзод бо тафаккури нав ба синамои тоҷикӣ нуфуз кард ва дар доираҳои ҳунарӣ то имрӯз сухан аз дидгоҳи вижаи тахассусии ӯ меравад. Муҳити маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар аз нависандаи мумтози муосир, ки бо сабки хос ба майдони адабиёт ва ҳунар пой гузошт, умедҳои зиёде дошт. Мутаассифона, миллати тоҷик ин чеҳраи бузурги фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабиро хеле барвақт аз даст дод. Ин шахсияти фарҳангӣ ва ҳунарӣ ибтидои солҳои дуҳазорум қурбони найрангу сиёсатбозӣ ва дасисаю фурсатталабиҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ гардид.

Сайф Раҳимзод дар синни 47-солагӣ ба дасти қотилони миллат террор шуд. Террори нависандаро дар маҷмӯъ, террори фикрӣ, ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангӣ номидан мумкин аст, зеро ки бо аз байн бурдани ӯ тарҳрезони қатл мехостанд тарсу ҳаросро дар миёни ҷомеаи маданӣ ва ҳунарии тоҷикӣ роҳандозӣ намоянд ва аз ин тариқ шоҳроҳи рушду тавсеаи миллиро бибандан

Сайф Раҳимзод баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Фархор ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатр дар ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият кард. Баъдан ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб шуд. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , тарҷумон дар Афғонистон, мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ», тарҷумон дар Афғонистон, коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино», раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷиккино» ва то лаҳзаи террораш аз тарафи хоинон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Асарҳояш аз солхои хаштодум нашр шудаанд. Бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» Сайф Раҳимзод аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта гардид. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танӯр» чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шӯҳрат пайдо кард. Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо», «Дурӯғи сафед», «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён), «Падруду пайғом», «Доғҳои Офтоб» ба табъ расиданд. Сайф Раҳимзод услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дорад. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ нигаристааст. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе татствир намудааст.

Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам». «Пете», «Чоре» ва ғайра дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ (масалан, кинофестивали Канни Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Сайф Раҳимзод дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ — Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуд. Бо ташаббуси ӯ дар Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум) телевизиони «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардиданд; дар Кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъсис ёфт. Хидмати Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» бузург аст.”

Ҳамин навиштаи Дилафруз Қурбониро дар сомонаи Фейсбук қироат намуда, иқрор мешавам ки солҳои 90-ум ва ибтидои 2000-ум ҳануз дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин ҳодисаи тарорӣ яъне шабохун задан ба ҳаёти осоишта ҷой дошт. Паси парда тӯдаи ифротиҳо қарор доштанд, ки ба чунин куштор ҳангомаи сиёсӣ меандохтанд.

Қатли ҳунарманд пеш аз ҳама ба хотири пошидани тухми тарс байни ҷомеа ва ба тангкучаи гумроҳӣ равона кардани мардум буд, ки барои гуруҳҳои ҷиноятпеша ин амали қулай буд.

Беҳтарин довар гузашти айём аст. Аммо ҳунарманде аз байн рафт, ҷои ӯро касе пур карда наметавонад. Дигар, “поиз”-и Сайфи Раҳимзод ҳарф намезанад?

 

З. Орифов, сардори шуъбаи иттилооти ДКМТ