ДАРКИ СУХАНИ СОЗАНДА

Дар шароити рушди иҷтимоӣ ба ҳам ангезиш ёфтани афкори мухталиф падидаи нав нест,аммо ба як макони иғво табдил додани як расонаи иттилоотӣ ва ё қаламкаше мақбул нест.

Дуруст аст, ки аҳзоби сиёсӣ дар ин самт ба ВАО такя мекунанд. Аммо сухан ҳам бояд қадри хешро дошта бошад. Мавқеи суханвар дақиқ бошад.

Ҳамин нукта бештар аён аст, ки танқид бояд на сузанда балки созанда бошад. Дар он сурат мо соҳиби шинохти миллӣ мегардем, ки арзишҳои муқаддаси ватандориро дар эҷодиёти хеш инъикос карда тавонем.

Дар ин маврид назари мутахасисони соҳа мухталиф аст. Аммо як нукта муҳим аст, ки бояд мақсади сухани созандаро дарк намуда барои  сулҳу субот талош намоем.

 

М. Қодирова, омузгори ДКМТ