ҚАЛЛОБ ЧАРО ФИРОР КУНАД БО РОҲИ ПИНҲОНӢ?!

Бо дидани баёнияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳо ва ҳамчунин суханронии ҷабрдидаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ бори дигар ба хулосае омадам, ки дар ҳақиқат дастпарвари наҳзатиёни террорист ҳаргиз одам намешаваду ҳаргиз роҳи инсонӣ ҳам намеравад. Зеро наҳзатиёни террорист одат кардаанд, ки бо овардани дин дар пешорӯ бештар айбҳои худро пинҳон кунанду бо ҳамин роҳ мардумро фиреб диҳанд. Мисле, ки солҳои 90-уми асри гузашта  бо истифода аз номи дин ва шариат ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданду нақшаи нест намудани миллати тоҷикро кашиданд ва ҳамин аст, ки имрӯз низ ҳамин мактабашонро наҳзатиён дар ҳама кору амали худ истифода менамоянд.

Дар баёнияи нашрнамудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.” Ин ҳамон Муҳаммадиқболи Садриддин сардабири сомонаи ислоҳ.нет мебошад, ки се нафар шаҳрванди кишварро дар хориҷ аз кишвар фиреб дода, маблағҳояшонро аз худ кардааст. Акнун кӣ дар бораи ин қаллобӣ ва ин авбошии М. Садриддин дар сомонаи ислоҳ.нет менавишта бошад?

Гусола ҳам ки калон шуд, гов мешавад мегӯянд ва шояд дар ин бора боз писари М. Садриддин матлабе нависаду падари қаллоб ва авбошу хоинашро маҳкум намояд. Зеро то ба ҳол чунин амалҳои қаллобонаи наҳзатиёнро бисёр шунидему аммо имрӯз бори дигар шоҳид шудем, ки чӣ тавр наҳзатиён дар гуфтор дигару дар амал дигар. Худи ҳамин М. Садриддин, ки ҳамеша аз ҳалолкориву ҳаққи мардум мегӯяд, маълум шуд, ки худ як хиёнаткор ва қаллобу фиребкор будааст.

Пас аз дигарон чаро гила созем?

Ҷомеа бори дигар фаҳмид, ки дар ҳақиқат он мисолҳое, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оварда шудааст,  сад дар сад ҳақиқати бебаҳс асту наҳзатиён хиёнаткорони разилу қаллобони моҳир будаанд.

М. Саддрид “ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом” даромада, се нафар шаҳрванди кишварро дар хориҷ аз кишвар, ки тоҷик бояд дар он ҷо дасти ҳамдигар бигирад, фиреб додаасту маблағҳояшонро дар ҳаҷми 430 000 доллари амрикоӣ тасарруф намудааст.  Акнун мешавад М. Садриддин ҳамон наҳзатии манфур ва шайхи фейсбукии наҳзатиёнро инсон номид?

Кадом ватандӯст ва миллатдӯст ҳаммилатонашро чунин фиреб кардааст?

Бори дигар маълум шуд, ки М. Садриддин ҳамон наҳзатии палид асту аз дин ва шариат фақат ба хотири фиреб додани мардум истифода мекардаасту халос. Пас аз ин мешавад ин наҳзатиёни хоин, ин бадномкунандагони дин ва арзишҳои мардумиро пасттарин ва разилтарину манфуртарин хоинону хиёнаткорони қаллоб номид. Зеро қаллобии М. Садриддин бори дигар забон дигару дил дигар будани наҳзатиёни террористро маълум сохт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ