ҚАДРДОНИИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ АЗ ҶОНИБИ САРРАЁСАТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба Рӯзи ҳифзи муҳити зист, пеш бурдани сиёсати давлатӣ дар самти экология ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома Сарраёсати ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ карда шуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ яке аз олимони муваффақ ва ҷонфидову сарсупурда буда, дар рушди илми иқтисод саҳми арзишманд гузоштааст.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва комёбиҳо таманно менамояд.
Дастоварди навбатӣ хуҷаста бод муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!
Шуъбаи иттилоот