БАРГУЗОРИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “АПРЕЛЕВКА”

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ донишҷӯёни кафедраи коркарди конҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ зери роҳбарии омӯзгори фаъол Бобоҷонов Савриддин дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” таҷрибаомӯзии хешро гузаштанд.
Донишҷӯён зимни баргузории таҷрибаомӯзӣ аз ҷараёни кор, ҳолати таҷҳизоти истифодашаванда, тарзи коркарди маводи хом шинос гардида, бо кормандон мулоқот намуданд.
Ҳамзамон ба донишҷӯён аз усулҳои муосири коркарди канданиҳои фоиданок, ки олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳқиқот гузаронидаанд, маълумот дода шуд.
Таъкид намудан зарур аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии соҳавӣ дар кишвар мебошад, ки бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкории зич дораду низоми дуалии таълимро пурра татбиқ намудааст.
Шуъбаи иттилоот