Қабули шаҳрвандон дар рӯзи якуми дониш аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Бобоҷонова Мусабияро қабул намуд, ки номбурда ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат намудааст.

Дар рӯзи қабули шаҳрванд ҳамчунин мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Юсупов Саидарамхоҷа низ ширкат намуда, иттилоъ дод, ки шаҳрванд Бобоҷонова М. хатмкунандаи ҳамин донишкада буда, бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур доданд, ки аризаи шаҳрванд баррасӣ карда шавад.

Шуъбаи иттилоот