Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Раҳимова Қ.- ро қабул намуд. Раҳимова Қ. модари донишҷӯ буда, барои кумаки молиявӣ ба роҳбарият муроҷиат намуд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур дод, то фарзанди Раҳимова Қ., ки дар бахши якуми факултети электромеханика таҳсил менамояд аз тамоми маблағҳо озод карда шавад. Илова намуд, ки ин ҳам ба хотири қудуми модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин қабули шаҳрвандон ба ҷуз ректори донишкада боз намояндаи факултети электромеханика Кенҷаев Шӯҳратҷон ширкат намуд.
Шуъбаи иттилоот