Ширкат ва суханронии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар барномаи “Амният ва ҷомеа”

Дирӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар барномаи “Амният ва ҷомеа”-и телевизиони вилояти Суғд ширкат намуда, доир ба мавзӯи “Омилҳо ва сабабҳои бавуҷуд омадани муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон” суханронӣ намуд. Профессор Насриддинов Замониддин оид ба сар задани муноқишаҳо дар марз, омилҳои пайдоиши муноқишаҳо ва ҳамчунин тавтеаандозии ҳамсоякишвар сухан ронда, вобаста ба ин масъала таҳлилиҳои амиқи хешро манзури тамошобинон гардонид.
Қайд карда шуд, ки миллати тоҷик ҳамеша миллати сулҳхову башардӯст буда, ҳаргиз дар талоши нооромиву муноқиша бо ҳамсоягон нест. Он чӣ ҳоло дар марз сар задаистодааст, иштибоҳи бузурги қирғизҳо мебошад.
Ҳамзамон, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин шаби ҳамон рӯз дар барномаи онлайнӣ, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегардид, бо коршиносон ширкат намуда, андешаҳои хешро вобаста ба ин масъала изҳор дошт.
Дар чунин рӯзҳои вазнин масъаларо дарк намуда бо ҳар роҳу воситае аз манофеи миллӣ дифоъ намудан ин мардонагист ва ҳамин рисолатро дар ин рӯзҳои вазнин профессор Насриддинов Замониддин ба анҷом расонид.

Мо, барои ҷасорат, дилсӯзӣ,  ва ватандӯстиву ҷонфидоии профессор Насриддинов Замониддин, ки метавонад барои насли ҷавон намунаи ибрат бошад, аҳсан хонда, башон изҳори миннатдорӣ баён менамоем.

Ҳамин аст ватсндӯстиву ватандорӣ! Ҳар лаҳза ҳар соат дар фикри меҳан ва фардои он будан, нишонаи волои ватандӯстӣ мебошад.

Шуъбаи иттилоот