Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сокини шаҳри Бӯстон Ҳоҷибоева Муҳайёхон Муродҷоновнаро қабул намуданд, ки бо ариза ҷиҳати таъмин намудан бо ҷойи кор муроҷиат намуда буд. 

Ректори донишкадаро дар рӯзи қабули шаҳрвандон муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон, мудири кафедраи менеҷмент Собирова Шукриниссохон, сардори шуъбаи умумӣ Раҳмонова Раъно ва масъули қабули шаҳрвандон дар донишкада Давлатов Хайриддин ҳамроҳӣ намуданд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрвандро пурсида, ба масъулин супориш доданд, ки шаҳрванд Ҳоҷибоева Муҳайёхон бинобар доштани собиқаи омӯзгорӣ дар кафедраи менеҷмент ба ҳайси омӯзгор ба кор таъмин карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.

Шуъбаи умумӣ