Мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Фархазова Р. аз ҷониби Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ гардид

Имрӯз, зимни қадршиносии варзишгарону мураббиён раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии донишкада Фархазова Румия сипоснома  ва  500 сомонӣ тӯҳфа тақдим намуд. Фархазова Румия чандин сол аст, ҳамчун омӯзгори самти варзиш дар донишкада кору фаъолият дорад ва фаъолияти дастаҳои варзишӣ ҳам имсол назар ба солҳои қаблӣ беҳтар гардид, ҷавонону варзишкорони донишкада дар чандин чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.