Донишҷӯи факултети электромеханика Юнусзода Юнусзода М. бо сипоснома қадрдонӣ шуд

Ҳамон гуна, ки ба ҳамаи донишҷӯён маълум аст, ҳамеша дар интиҳои нимсолаи аввали соли хониш барои донишҷӯёни болаёқат ва аълохону дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол сипосномаву ифтихорномаҳои садорати факултет ва  раёсати донишкада тақдим карда мешавад. Ба Юнусзода Муҳаммадисроили Мирзо донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ низ барои бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан,  рафтори намунавӣ доштан, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ Сипоснома аз раёсати донишкада тақдим карда шуд. 

Ёдовар мешавем, ки тамоми донишҷӯёне, ки одобу ахлоқӣ намунавӣ нишон медиҳанд ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона ширкат намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд бо сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишкада қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоот