Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Исоева Анвармоҳ сокини шаҳри Бӯстонро, ки ба қабули ректор муроҷиат намудааст, қабул намуданд. Дар қабули шаҳрвандон ректори донишкадаро сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Сулейманова Назокат ва сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ҳамроҳӣ намуданд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи шаҳрванд Исоева А.- ро шунида ба масъулин ҷиҳати чораандешӣ дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон дар донишкада баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд, тариқи сабти номи худ дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот