Паёмҳои табрикотӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои хориҷии ҳамкор ба унвонии ректори донишкада ба муносибати ҷашни Истиқлол

Ба номи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз номи ректори Донишгоҳи касбӣ- техникӣ ва захираҳову муҳити зисти Ланҷжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин Чжин Шаочжун номаи табрикотӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст.
Дар номаи мазкур аз ҷумла омадааст:
Муҳтарам Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ Шумо ва дар симои Шумо тамоми пайвандон, ҳамкорон ва дӯстони Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, бароятон баракату комёбӣ таманно менамоям.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар муддати даврони соҳибистиқлолӣ хеле рушд намуда, равобити дуҷониба густариш ёфт.
Дар интиҳои паём ҳамзамон омадааст:
Мо, ба коллективи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барору комёбиҳои беназирро таманно намуда, ба ҳама саодатмандӣ ва ояндаи дурахшон хоҳонам.
Шуъбаи иттилоот