Ишитироки олими ҷавон дар симпозиуми байналмилалии илмӣ

Дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон симпозиуми байналмиллалии илмӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он олимон ва сиёсатмадорону коршиносони зиёда аз 20 давлати дунё тариқи онлайнӣ ва ҳузурӣ маърӯзаи илмӣ намуданд.

Дар ин симпозиуми сатҳи баланд номзади илмҳои техникӣ сардори раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Осими Оқил иштирок ва дар мавзӯи “Технологияи коркарди маъдан тавассути барномаи MICROMINE”  маърӯзаи илмӣ намуд.

Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ дар ду ҷилд китоби бузургҳаҷм ба нашр расиданд. Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ дар 11 бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Олими ҷавони донишкада Осими Оқил дар баробари иштирокчии ин симпозиуми байналмилалӣ будан, муҳарририро низ дар китоби мақолаҳои нашршуда ба уҳда дошт, ки боиси ифтихори мо мебошад.