Қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин

Дирӯз, ҷиҳати дарёфти ҷойи корӣ ба унвонии раёсати донишкада сокини ноҳияи Шаҳристон Шерматов Шамсиддин муроҷиат намуд. Муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин шаҳрванд Шерматов Шамсиддинро ба ҳузур пазируфта, бо ӯ суҳбат намуд ва роҷеъ ба таҷрибаи корӣ ва имконияти илмиаш маълумот гирифт. Сипас, ба  Шерматов Ш. тавсия дода шуд, ки дар моҳи август ба комиссияи озмунӣ ҳуҷҷат супорад. 

Ёдовар мешавем, ки  қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректор ва муовинонаш ҳар ҳафта ду рӯз сурат мегирад.

Шуъбаи иттилоот