Иттифоқи касабаи донишкада омӯзгори донишкадаро ба Туркия фиристод

Бори аввал Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулиро дар чорабинии иттифоқӣ ба Ҷумҳурии Туркия фиристод, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ширкат дар чорабинии мазкур ва боздид аз марказҳои таърихиву фарҳангӣ ва осорхона дар шаҳри Истамбул дотсент Самадова Гули таасуроти хешро ба ҳайати кормандон қисса намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин сафари омӯзгори донишкада аз ҷониби Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада ба хориҷ мебошад.