ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САҲИФАИ ЗАРРИНИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН-баргузории семинари илмӣ-назариявӣ бахшида 34-умин солгарди Иҷлосия

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи заррини таърихи тоҷикон” бо ширкати ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ва собиқадорону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши сарнавиштсози  Иҷлосияи  XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, хдматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои тоҷику тоҷикистониён, бартарафсозии оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири халқи тоҷик нақши бориз ва созанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестӣ наҷот бахшид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Иҷлосия чунин изҳори андеша намудаанд:  “Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонад. Дастархонашро пурфайз кард”.

Вроқеан ҳам, ин Иҷлосия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши марказӣ ва тақдирсоз дошта, барои ба саодат расидани миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидааст ва месазад, ки ҳамасола аз он ҳамчун рӯйдоди муҳими миллӣ таҷлил карду бар баргузоркунандагон сипос гуфт.

Таъкид карда шуд, ки маҳз ҷоннисориҳои Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ ва миллат аз нестӣ наҷот дода шуду, сулҳу ваҳдат дар ин сарзамин пойдор гардид.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ раиси собиқадорони шаҳри Бӯстон Зоҳидӣ А. суханронӣ намуда, номаи табрикотии Раиси шаҳри Бӯстонро ба самъи ҳозирин расонид. 

Ҳамзамон, дар чорабинӣ омӯзгори калони кафедраи нафту гази Донишкада Отаев Анвар дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳуқуқшиноси донишкада Қаноатова Г. дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз” ва донишҷӯи бахши дуюм Аҳмадзода Шукурбек дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ роҳ ба сӯи сулҳу субот” маъруза намуданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ викторина роҷеъ ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки аз ҷониби ректори донишкада дотсент Давлатзода Давлат ғолибон бо туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада ба собиқадорон барои меҳнати софдилонаву содиқонаашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, эшонро бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Шуъбаи иттилоот