ҒУЛОМИ ҚОНУН ШУДАН БЕҲ АЗ ҚОНУНШИКАНИСТ

Дар нишасти Варшава аз мустақилияти судӣ дар Тоҷикистон ҳарф зада,  фаъолияти ин шохаи ҳукумат зери савол қарор гирифтааст.

Ба ин андеша розӣ буда наметавонам, чунки  қонунҳои мавҷудаи кишвар  аз ҷониби вакилони мардумӣ  якдилона қабул гардидааст. Гузашта аз ин, анъанаи муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи қонунҳо ҷорӣ гардидааст. Танҳо бо дар назардошти фикру мулоҳизаҳои  мардум ин ё он қонун  матраҳ мешавад. Боқӣ пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани қонун бояд ғуломи он шуд. Зеро тақозои ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ҳамин аст, ки дар ҳар марҳилаи рушди ҷамъият якдилона пайи татбиқи қонун шавем, на даст ба қонуншиканӣ занем. 

Замони имрӯза пур аз ҳаводиси мухталиф аст ва ҷаҳони имрӯза ҳам пурталотум. Ҷавонон бояд қонунҳои мавҷудаи кишварро тибқи талаботаш риоя намоянд, ҳоҷат ба қонуншиканию охурча кардани даргоҳи судӣ намемонад.

 

Анвари Саид, сармуаллими ҳуқуқи кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

15 − 15 =