АЗ БОСМАЧӢ ТО ТЕРРОРИСТ ЯК ҚАДАМ

Дар Варшава ҳангоми суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ ки ҳамакнун худро раиси Паймони миллии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, аз ҳаркати истиқлолхоҳии Тоҷикистон ёдовар шуда истилоҳи босмачиро мавриди ватандӯстӣ кор бурдааст, андаке баҳсбарангез мебошад. 

Дар адабиёти муосири тоҷик  ҳам образи босмачӣ басо пуртазод офарида шудааст. Бигирем, образи Усмон Азизро аз романи “Се рӯзи як баҳор”-и Саттор Турсун. Ин қаҳрамон солҳои 20-ум барои нигоҳ доштани расму оини мавҷудаи кишвар бар зидди аскарони сурхи Ҳукумати шӯравӣ мубориза мебурд. Яъне сохти нави давлатдориро пазируфта наметавонист ва бо дастаҳои худ ба деҳаҳо шабохун зада амали таррорӣ ба ҷо меовард. Ба шунидани калимаи босмачӣ дар қалби мардум тарсу ҳарос меафтид.

Бо гузашти сад сол қаҳрамониҳои ҳамон босмачиёнро магар пайравони ТЭТ ҲНИ такрор намекунанд? Бубинед, ҳамла ба саёҳони хориҷӣ дар рӯзи равшан. Ба кадом хотир? Ҳадафи ин амал чӣ буд? Чаро дар ин маврид М.Кабирӣ хомӯш аст?

Танҳо ақли солим қудрат дорад, ки сараро аз носара ҷудоъ кунад. Фурсати бунёдкорӣ фаро расидааст ва имрӯз бо саҳми конкретии худ бояд истиқлолиятро ҳифз намоем.

 

Кибриё Атоева, номзади илми филогия,

дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чордаҳ + 9 =