ҲАРФИ СОЗАНДА БИЗАН, НА СӮЗАНДА!

Аз минбари  анҷумани Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо  “ҳомиёни ҳуқуқи башар” лоф мезананд, ки дар Тоҷикистон матбуоти озод мавҷуд нест. Аммо он матбуоте ки ба ном озод буду ба минбари ғаразҳои шахсӣ табдил ёфта буд, боре ҳам мавриди таҳлил қарор гирифта буд?

Аз соли 1991 теъдоди нашрияҳои мустақил рӯ ба афзоиш ниҳод. Ба иллати таҷрибаи кофӣ надоштан дар матбуоти озод маводҳое нашр шудаанд, ки аз этикаи касбии журналистӣ дур буданд. Яъне, таҷовуз ба ҳаёти шахсӣ, ба иззати нафси қаҳрамонҳои мақола расидан ва фош кардани ҳаёти маҳрамона. Барои бозоргир шудани нашрияҳои худ аз сарлавҳаҳои ҳангоматалаб истифода кардан барои матбуоти озод расм шуда, мазмуни онро ба сатҳи кӯчагӣ баробар намуд.

Барои хонандаи имрӯза аз ҳама муҳим ҳарфи созанда гуфтан аст, на ҳарфи сӯзанда. Дар мақолаҳои таҳлилӣ бояд танқиди конструктивӣ бошад, вариантҳои ислоҳотӣ пешниҳод шавад. Дар он сурат, мо ба як матбуоти воқеан профессионалӣ   соҳиб хоҳем шуд.

Умедворам, ки дар барномаҳои минбаъдаи омӯзишии САҲА ба такмили маърифати сиёсӣ ва касбияти журналистон эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

 

Икром Абдуллоев,

муҳаррири нашрияи “Маъданшинос”-и

 Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

4 × 2 =