Ғолибияти донишҷӯйи мо дар озмуни вилоятии Раёсати агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия

Донишҷӯйи курси 4-уми факултети электромеханика Насриддинов Умедҷон  дар озмуни вилоятии “Коррупсия падидаи номатлуби ҷаҳони муосир” , ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид, ширкат намуда, аз рӯйи номинатсияи “Ролики иҷтимоии беҳтарин” сазовори дипломи дарҷаи дуюм гардид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ролики мазкур аз ҷониби масъулон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуда буд ва писанди ҳама истифодабарандагон гардид.

Ҳамчунин, дигар донишҷӯёни донишкада, ки дар озмун ширкат намуда буданд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Шуъбаи иттилоот