Стартапи “Чойхона” беҳтарин идеяҳои тиҷоратиро қадрдонӣ намуд

Имрӯз, дар ҷаласаи ҷамъбастии Стартапи “Чойхона”, ки чанд рӯз дар донишкада баргузор гардид, бо ширкати тоҷирону намояндагони барномаҳои СММ ва USAID ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, то чунин чорабиниҳо бештар гузаронида шавад, чунки дар бахши истеҳсолот донишҷӯёни донишкада метавонанд беҳтарин идеяҳоро пешниҳод созанд.

Сипас, ба ғолибону иштирокчиёни семинари мазкур аз ҷониби масъулон туҳфаву сертификатҳо тақдим карда шуд. 

Дар ҷойи дуюм шогирдони омӯзгори кафедраи таъминоти барқ Ҳакимбеков Сайдуллобек донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси таъминоти барқ Неъматов Шаҳзод, Вадудзода Абдусалим ва Асоев Умедҷон бо пешниҳоди мошинаи ҷудонамояндаи ҷуҷа аз тухм ғолиб омаданд.