ЭЪЛОН! Хатмкунандагон, ҶДММ «ТВЕА Душанбе кӯҳӣ- саноатӣ» ба кор даъват менамояд!

Ба ҳамаи хатмкунандагони шуъбаи рӯзона (буҷетӣ, шартномавӣ) ва ғоибонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон расонида мешавад, ки корхонаи ҶДММ «ТВЕА Душанбе кӯҳӣ- саноатӣ» воқеъ дар н.Айнӣ ба таври фаврӣ қабули кормандонро эълон менамояд. Қабул тариқи суҳбат баргузор мегардад. Корхона коргаронро бо ҷойи хоб ва хӯрокворӣ таъмин менамояд. Хоҳишмандон метавонанд дар суҳбат иштирок намоянд.

Ҷиҳати ба даст овардани маълумоти бештар, хоҳишмандон метавонанд ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон дар донишкада муроҷиат намоянд.