Эълон! Санаи 19.05.2021с. дар донишкада конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Фардо соати 10:00 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фаъолияти илмӣ-инноватсионии насли истиқлол” баргузор мегардад, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи магистратура ва аспирантура  Муҳаммадюсупова Шамсия иттилоъ дод.

Конфренсияи мазкур аз 2 бахш иборат буда, дар он ширкат ва суханронии олимон ва донишмандони маъруфи кишвар дар назар дошта шудааст ва ҳамагонро барои бебаҳра намондан аз конфронси сатҳи баланд даъват менамоем.

Шуъбаи иттилоот