ЭЪЛОН! КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАВАҶҶУҲ КУНЕД

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати беҳтар намудани самти корҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин татбиқи илм дар истеҳсолот баҳри расидан ба ҳадафҳои воло чорабиниву конфронсҳо мегузаронад, мегӯяд муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов Замониддин.

 Аз ин рӯ, ба  маълумоти роҳбарияти корхонаҳои саноати вилояти Суғд мерасонем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон якҷо бо Раёсати татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 12.03.2021 соати 10:00 дар бинои таълимии донишкада вохӯрӣ бо роҳбарият ва намояндагони корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро баргузор менамояд.

Дар вохӯрӣ таклифу пешниҳодҳои тарафайн ҷиҳати татбиқи илм дар истеҳсолот баррасӣ карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати иштирок дар кори вохӯрӣ, роҳбарият ва ё шахси ваколатдори татбиқи илм дар истеҳсолот дар корхона эҳтиромона давъат карда мешаванд.