Дарсҳои кушоди омӯзгорон аз кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ  омӯзгорон  Иброимова Ойирамо ва Холова Фахриниссо тибқи нақшаи тасдиқгардида дарсҳои кушод аз фанҳои фалсафа ва таърихи халқи тоҷик гузарониданд, ки дар он ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат варзида бо донишҷӯён суолу ҷавоб гузаронида ба донишҷӯён  аз мафҳумҳои асосии фалсафа ва терминҳои истифодашаванда, ҳамчунин саҳми  файласуфони тоҷик дар рушди фалсафа маърӯза хонданд.

Ҳамчунин, дар дарси кушоди таърих, ки зери роҳбарии Холова Фахриниссо баргузор гардид, омӯзгорон ва намояндагони раёсати таълим ширкат варзида, ҷараёни дарсро баҳогузорӣ намуданд.  Қозиев К.С. ба рафти дарс таваҷҷуҳ намуда, аз заҳматҳои муаллима ва ҳамчунин омодагии  донишҷӯён  ба дарс изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

М. Сайидзода