ЭКСТРЕМИЗИМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГ БА ҶАҲОНИ ИМРЎЗА

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ худ расидан аксаран гурўњњои алоњида, гурўњњои манфиатљуи давлатї ва минтаќавї ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар асри 21 ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин модди маънавї, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки ба таври зўровари ғасб намудани ҳокимият, халалдор намуданги оромии љомеа бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш  гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Дар замони муосир сиёсати давлат дар ин марњилаи пурпечутоб ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору маќомоти давлатї барои њар як шањрванди кишвар шароити арзандаи зиндагї таъмин карда шавад. Дар ин раванд сањми љавонони кишвар нињоятдараља бузург мебошанд. Мо аз мушкилоти љавонон, аз љумла ба мазњабу равияњои бегона гаравидани баъзе аз онњо огоњ њастем ва љињати бартараф намудани мушкилоти мазкур њукумати кишвар чораљўї карда истодааст. Баъзе наврасону љавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи тањсил ва соњиби ягон касбу ихтисос шудан кўшиш намекунанд, аз хизмати њарбї низ саркашї менамоянд ва хулоса бе шуѓл мемонанд, ки ин омилњо боиси шомил шудани онњо ба равияњои бегона мегарданд.
Дар ин масъалаи муњим, таъкид месозем, ки љињати ташаккули андешаи миллии навросону љавонон ва омода намудани онњо дар самти муќомиват ба тазодњои љомеаи муосир њоло дар назди сохтору маќомотњои давлатї, падару модарон ва ањли љомеа корњои зиёд, ќарор дорад. Барои иљрои ин корњои муњим мо ањли љомеа вазифадорем то ки бартараф шавад. Ифротгарої ва хурофотпарастї сарчашмаи љањолату торикї буда, ба миллат ва мардуми тољик танњо бадбахтї меорад ва барои рушду тараќќиёти љомеаву давлат монеаи љиддї эљод мекунад.
Аз ин лињоз, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва љавонони имрўза дар руњияи ватан дўстиву сулњхоњї ва ободкориву созандагї, инчунин барои наслњои ояндаи халќамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муќадасу нодир фарњанги сулњро њамчун љузъи доимии фарњанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили гурўњњои ифротї ва гуруҳҳои терроризмиро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

Муаллими калони кафедраи Таъминоти барќ
Иброҳимов Исмоил