Шӯрои ректорони ҷумҳурӣ баргузор гардид

Дирӯз Шӯрои ректорони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ зери роҳбарии вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ низ ширкат варзиданд.

Дар шӯрои навбатӣ ҷиҳати тасдиқ ва пешниҳод намудани Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварату хулосарониҳо сурат гирифт, то ин санади мазкур ба таври универсалӣ аз нав таҳия карда шавад.

Таҳрири нави санади мазкур дар Шӯрои ректорони донишгоҳу донишкадаҳо бо ҳамроҳии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф баррасӣ ва мавриди бозбинӣ қарор гирифт, ки дар фурсатҳои наздик  ба таври комил ва универсалӣ таҳия карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур роҷеъ ба масоили маориф ва рушди сифати таҳсилот низ хулосарониву пешниҳодҳо сурат гирифт.