Шодбошӣ бахшида ба 15-умин солгарди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Бо изҳори хушнудӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати 15 солагии таъсисёбии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоем.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта,  дар раванди тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи кӯҳкорӣ саҳми босазо дошта, баҳри амалисозии ҳадафҳои давлатӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ, ки аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини рушди бонизоми фаъолият тадбирҳои мушаххас меандешад.

Боварӣ дорем, ки роҳбарият ва ҳайати меҳнатии донишкада минбаъд ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, аз ҷумла вобаста ба эҳтиёҷоти корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос  ҳиссаи арзанда  мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шумо – устодону донишҷӯён ва кормандони ин даргоҳи маърифатро бо ин ҷашни фархунда, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, бахту саодат ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон баҳри ободонии кишвари азиз – Тоҷикистон барору музаффарият орзумандем.

 

 

Роҳбарияти Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон