Оғози олимпиадаи фаннӣ дар донишкада

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олимпиадаи фаннӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ баргузор гардида истодааст. Он аз санаи 9  декабр то 13-уми ҳамин моҳ дар донишкада идома меёбад. Тибқи фармоиши ректори донишкада  профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳайати комиссияи имтиҳонӣ ва ҳайати комиссияи аппелятсионӣ таъсис дода шуд.
Дар рӯзи оғози олимпиадаи фаннӣ муовини ректор оид ба корҳои таълим, муовини аввал Насриддинов Замониддин. сардори раёсати таълим Осими Оқил иштирокчиёни олимпиада ва ҳайати комиссияро аз номи ректори донишкада муваффақиятҳо таманно намуданд. Раванди баргузории олимпиада ва шаффофияти  он аз ҷониби мутахассисони раёсати таълим назорат бурда мешавад. Тибқи иттилои сардори раёсати таълим дар даври донишкадавии олимпиада зиёда аз 250 нафар аз рӯи 11 фанни таълимӣ ширкат варзида истодаанд. Ҳамзамон иттилоъ дода шуда, ки ғолибон бо туҳфаҳои молиявӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.