Ширкати олимони донишкада дар конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалии ” Масоили ҷаҳонии экобиологӣ ва таъсири он ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва раванди глобализатсионӣ”

Имрӯз, профессор Розиқов Зафар ва мудири кафедраи экологияи донишкада дар конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони  ” Масоили ҷаҳонии экобиологӣ ва таъсири он ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва раванди глобализатсионӣ” ба тариқи маҷозӣ ширкат намуданд.

Дар конференсияи мазкур, ки бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва вазоратҳои ҷумҳурӣ гузашт, нахуст ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил  суханронӣ намуда ба кофнронс ифтитоҳ бахшид.

Сипас, олимон Бобозода Фаридун, Александренков Юрий, Саидаминов Максуд ва профессор Розиқов Зафар баромад маърӯза хонданд.

Розиқов З. дар мавзӯӣ “Ширкати макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии об” суханронӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масоили ҷаҳонии об баланд арзёбӣ намуда, дар шароити феълӣ таъсиси кафедраҳои муштарак ва пажӯҳишгоҳҳоро дар донишкадаву донишгоҳҳо  ба миён гузоштанд. 

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ширкаткунандагон ва олимону профессорон хуш пазируфта шуд.

 

Шуъбаи иттилоот