Ширкати муовини ректор Аминҷонова Мавлудахон дар барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа”

Имрӯз муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишкада профессор Аминҷонова Мавлудахон дар барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа”-и ТВ Суғд ширкат варзида, суханронӣ карданд.  Мавзӯи баҳси барномаи навбатии сиёсӣ – таҳлилии  “Амният ва ҷомеа”  Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори Тоҷикистони навин буд, ки дар он ба ҷуз профессор Аминҷонова Мавлудахон боз Кенҷаев Шӯҳрат- муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Аҳророва Гулчеҳра – муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Усмонов Шӯҳрат – муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.Осимӣ ширкат карданд. 

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз тариқи ТВ Суғд пахш мегардад.