Филиали кафедраи геология ва корҳои нафту газ дар корхонаҳои саноати ҶДММ «Петролеум Сугд» ва ҶДММ «Суғднафтугаз»

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022- 2026 «Солҳои рушди саноат» ҳайати професорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавонро барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ муваззаф сохтааст, ки  филиалҳои кафедраҳоро дар корхонаҳои саноати кишвар ба роҳ монанд.

Санаи 29.11.2023с донишҷӯёни бахши дуюми гурӯҳи 510202р ихтисоси  «Коркард ва истифодабари нафту газ» бо роҳбарии устодони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Отаев А. ва Олимов А.А. дарси амалӣ дар минтақаи конҳои Тоҷикистони шимолӣ дар корхонаҳои саноати ҶДММ «Петролеум Сугд» ва ҶДММ «Суғднафтугаз»  гузаронида, дар ин ҷо корҳои таҷрибаомӯзиро оғоз намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки филиали кафедраи геология ва корҳои нафту газ дар назди  корхонаҳои саноати ҶДММ «Петролеум Сугд» ва ҶДММ «Суғднафтугаз» мавҷуд аст ва фаъолияти пурсамар дорад.