Ширкати омӯзгорону кормандон дар шанбегии умумишаҳрӣ

Имрӯз, омӯзгорону кормандони донишкада дар шанбегии умумишаҳрӣ ширкат варзиданд. Омӯзгорону кормандон нахуст саҳни бинои донишкадаро аз партовҳо пок намуда, сипас ба хиёбонҳои шаҳр баромада, аз назди донишкада то ба назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд хиёбону марказҳоро аз партовҳо пок намуданд.